Дар ноҳияи Вахш бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.

Дар маҷмааи фарҳангии «Офтобак»-и ноҳияи Вахш ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ таҳти унвони «Истиқлолият — неъмати бебаҳост» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Вахш, роҳбарони сохторҳои маҳаллӣ, фаъолон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ масъулон сокинони ноҳияи Вахш ва дар симои онҳо тамоми мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ин ҷашни муҳими давлатӣ табрик намуда, таъкид карданд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои рушди устувори мамлакат, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагии мардум заминаи муҳим гузоштааст.
Ҳамзамон, аз дастовардҳои ноҳияи Вахш дар давоми 35 соли соҳибистиқлолии кишвар ёдоварӣ шуда, саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва ободонии шаҳру ноҳияҳо таъкид гардид.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор фаъолону шахсони саҳмгузори ноҳия барои фаъолияти пурсамар ва хизматҳои арзанда дар рушди соҳаҳои гуногун сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Барномаи тантанавӣ бо баргузории барномаи фарҳангию фароғатии аҳли фарҳанги ноҳияи Вахш идома ёфт.
Сурудҳои ватандӯстона, рақсу тарона ва дигар намоишҳои фарҳангӣ фазои чорабиниро боз ҳам рангин намуда, хотири иштирокчиёнро болида гардонид.
35-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон на танҳо санаи муҳими таърихӣ, балки рамзи сулҳу субот, ваҳдат, созандагӣ ва пешрафти кишвар ба шумор меравад.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев
Вахш

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь