Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон аз эҳтимоли боронҳои сахт ва омадани сел дар минтақаҳои кишвар хабар дод.
Ин ниҳод дар хабарномааш навиштааст, ки аз 21 то 25 май боронҳои сахт ва омадани сел “дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” пешгӯӣ мешавад.
Дар дарёҳои Исфара, Зарафшон, Обихингоб, Вахш, Панҷ, Ёхсӯ, Қизилсӯ ва дарёҳои аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда “баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест”.
Дар пайи ин ҳушдори ҳавошиносон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон тавсия дод, ки “аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд”. Ҳамчунин аз сокинон дархост шуд, ки давоми панҷ рӯзи оянда “аз сафар ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум, хӯроки чорво, гиёҳҳои шифобахш ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд”.

Ҳушдор: Тоҷикистон пешорӯи боронҳои сахт ва сел
Блоки рекламавӣ


