Дастаи мунтахаби наврасони ҷудокори Тоҷикистон ба Аммони Урдун сафар мекунад, ки дар он ҷо рӯзҳои 18-19 июл яке аз мусобиқаҳои асосии қитъавии мавсим, Чемпионати инфиродии Осиё миёни ҷавонони соли таваллуди 2026, баргузор мешавад.

Ин мусобиқа қавитарин ҷудокорони навраси Осиёро гирд меорад ва марҳилаи муҳими омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон хоҳад буд.

Нӯҳ варзишгар дар ин мусобиқаи бонуфуз Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд. Ба ҳайати даста Икром Шамсов, Рамзиддин Азизов (ҳарду 60 кг), Ёсин Бобокалонов, Муҳаммадрофеъ Ҳабибулло (ҳарду 66 кг), Ворис Назаров, Муҳаммадин Лоиқов (ҳарду 73 кг), Аминҷон Абдуҷалилзода, Абдулло Лоиқов (ҳарду 81 кг) ва Ардашер Ҳамза (90 кг) шомиланд.

Чемпионати ҷудо мини наврасон дар Осиё яке аз мусобиқаҳои намоён дар қитъа ба ҳисоб меравад. Он қавитарин намояндагони мактабҳои пешбари ҷудои Осиё – Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Узбккистон, Қазоқистон, Муғулистон, Чин ва дигар кишварҳоро гирд меорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь