Сокини шаҳри Турсунзода аз зарбаи раъду барқ ҷон бохта, ду каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳодиса сеюми май дар деҳаи Кадучӣ рух додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, соати 19:10 ҷасади шахси баҳалокатрасида ва ҷароҳатбардоштагон ба беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода интиқол дода шуданд”.
Дар Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода гуфтаанд, шахси фавтида як ҷавони 17-сола будааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, захмиёни раъду барқ яке 18 ва дуввумӣ 27-сола мебошанд ва феълан зери назорати пизишкон қарор доранд. Аҳволи онҳо хуб гуфта мешавад.
Ин ҷавонон дар сӯҳбат ба пизишкон гуфтаанд, барои чидани чукрӣ ба кӯҳ рафта буданд, ки онҳоро раъду барқ зад.
Дар гузашта ҳам ҳалок шудани сокинон аз раъду барқ сабт шудааст. Тоҷикистон аз якуми май шоҳиди боронҳои зиёд ва омадани сел аст.

Турсунзода: Раъду барқ як касро кушту 2 тан осеб диданд
Блоки рекламавӣ


