Бозиҳои даври сеюми марҳалаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки дар се кишвар – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика ҷараён дорад, 26-уми июн дар гурӯҳҳои D, E ва F баргузор шуданд.
Дар даври сеюм дар гурӯҳи D мунтахаби Туркия тими Амрикоро бо ҳисоби 3:2 шикаст дода, аввалин пирӯзиашро ба даст овард.
Голҳои мунтахаби Туркияро Арда Гюлер (дақиқаи 10-ум), Оркун Кекчу (31) ва Каан Айхан (90+8) ба самар расонданд. Голҳои амрикоиҳро Остон Трасти (3) ва Себастян Берхалтер (49) заданд.
Бозии дигари ин гурӯҳ миёни тимҳои Парагвай ва Австралия бо ҳисоби 0:0 ба поён расид.
Дар ин гурӯҳ ИМА бо 6 имтиёз ҷойи якумро касб кард. Австралия бо 4 имтиёз дувум шуд. Ҳарду даста ба даври плей-офф роҳ ёфт. Парагвай бо 4 имтиёз дар зинаи севум ва Туркия бо 3 имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифтанд. Туркҳо аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум шуданд.
Дар даври севуми рақобатҳои гурӯҳи Е Кот-д’Ивуар бар Курасао бо ҳисоби 2:0 ва Эквадор бар Олмон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.
Дар ҷадвали ин гурӯҳ Олмон ва Кот-д’Ивуар бо 6-имтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дувумро соҳиб шуда, ба плей-офф баромаданд. Эквадор бо 4 имтиёз севум ва Курасао бо як имтиёз чаҳорум шуданд. Мунтахаби Курасао аз ҳаққи идомаи мубориза дар даври баъдӣ маҳрум гашт.
Дар даври севуми рақобатҳои гурӯҳи F Нидерланд бар Тунис бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Рақобати Ҷопон ва Шведсия бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт.
Дар ҷадвали ин гурӯҳ Нидерланд бо 7 имтиёз ҷойи якум ва Ҷопон бо 5 имтиёз ҷойи дувумро ишғол намуда, ба даври плей-офф роҳ пайдо карданд. Шведсия бо 4 имтиёз ҷойи севум ва Тунис бидуни имтиёз ҷойи чаҳорумро гирифтанд. Футболбозони Тунис макони мусобиқаро тарк мекунанд.
Ба ин тартиб, то ҳоло тимҳои миллии Мексика ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (аз гурӯҳи А), Швейтсария ва Канада(аз гурӯҳи В), Бразилия ва Марокаш (аз гурӯҳи С), Амрико ва Австралия (аз гурӯҳи D), Олмон ва Кот-д’Ивуар (аз гурӯҳи Е), Нидерланд ва Ҷопон (аз гурӯҳи F), Фаронса ва Норвегия (аз гурӯҳи I), Аргентина (аз гурӯҳи J), Колумбия (аз гурӯҳи К) ба даври плей-оффи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 роҳ ёфтанд.
Инчунин дастаҳои мунтахаби Босния ва Ҳерсеговигна, Парагвай, Эквадор ва Шведсия, ки бо 4-имтиёзӣ дар гурӯҳҳои худ севум шуданд, ба даври плей-офф баромаданд.
Дар 16 рӯзи мусобиқа 60 бозӣ доир гардид. 45 бозӣ бо пирӯзии яке аз дастаҳо хотима ёфт ва 15 дидор бо натиҷаи мусовӣ ба поён расид. Дар 60 бозӣ 177 гол зада шуд.
Нарзулло Латипов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь