Дар натиҷаи як ҳамлаи мусаллаҳона, ки дар мактаби миёнаи ноҳияи Сиверек (Северк) – и вилояти Шанлиурфаи Туркия рух дод, 16 нафар, аз ҷумла 4 омӯзгор, як корманди пулис ва соҳиби ошхона захмӣ гардиданд. Ҳамлагар, ҷавони 19-сола ва собиқ хонандаи ин мактаб, бо силоҳи шикорӣ ба ҳудуди мактаб ворид шуда, тирпарронӣ кард.
Ҳоло 12 нафар аз захмиён дар беморхонаи давлатии Сиверек табобат мегиранд, 4 нафари дигар бинобар вазъи саломатиашон ба марказҳои тиббии дигар ҷой интиқол дода шудаанд. Пулиси Туркия омилҳои ин амалро пайгирӣ мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь