Вазири корҳои хориҷии Ирон Аббос Ироқчи фавран ба ин гуфта ҷавоб дод. Ва чунон ҷавоб дод, ки танҳо ӯ метавонад. Бе ягон сухани зиёдатӣ, аммо бо чунон далел, ки рақибаш посухе ба он надорад.
” -Трамп ҳақ гуфтааст” – навишт Ироқчи. “Девонагӣ ин аст, ки ягона кишваре дар таърих, ду маротиба ба зидди шаҳрвандони осоишта силоҳи ҳастаӣ истифода кардаву имрӯз ба дигарон таълим медиҳад, ки чӣ хуб аст ва чӣ бад. Хиросима ва Нагасакиро ёд оред. Тобистони соли 1945. Садҳо ҳазор кушташуда. Сокинони осоишта на сарбозон. На иншооти низомӣ. Шаҳрҳое, ки дар як сония аз рӯи замин нест шуданд. ИМА ин корро кард.
Аз он вақт инҷониб ягон кишвари дигар дар ҷанг силоҳи ҳастаӣ истифода накардааст. Ҳеҷ кас. Ҳатто онҳое, ки Вашингтон имрӯз онҳоро “девона” меномад
Аммо Амрико ягона давлатест, ки дар таърих ду шаҳрро комилан аз рӯйи замин нест карда буд. Имрӯз бошад “таҳдиди ҳастаии Эрон фарёд мезанад”.

Трамп: “Вақте ки силоҳи ҳастаӣ ба одамони девона мерасад…”
Блоки рекламавӣ


