Доналд Трамп президенти Амрико рӯзи 11-уми июн эълон кард, ки интизор меравад маросими имзои созиш миёни Амрико ва Эрон охири ин ҳафта дар Аврупо баргузор гардад ва Ҷей Ди Венс, муовини президент дар ин маросим иштирок мекунад.
Ӯ аз даст ёфтан ба як “созиши бузург” бо Эрон барои поён додан ба ҷанги Ховари Миёна хабар дод ва дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, “мо ба наздикӣ ба як созиши бузург дар бораи ҷанг бо Эрон даст ёфтем. Ба шарти ниҳоӣ шудани санадҳо, ки бояд дар чанд рӯзи оянда анҷом шавад, эҳтимолан маросими имзо дар Аврупо баргузор мешавад. Гулугоҳи Ҳурмуз ба шакли расмӣ боз хоҳад шуд”.
Президенти Амрико бо ишора ба ин, ки худаш наметавонад дар маросими имзои ин созишнома иштирок кунад, гуфт, Ҷей Ди Венс ба ин ҳадаф ба Аврупо сафар хоҳад кард.
Доналд Трамп аз миёнаҳои моҳи март борҳо гуфтааст, ки даст ёфтан ба созиш бо Эрон барои поён додан ба ҷанг наздик аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь