Нерӯҳои “Толибон” дар Афғонистон норозиёнеро, ки рӯзи 9-уми июн дар шаҳри Ҳирот аз ҳуқуқи занон дифоъ мекарданд, бо истифода аз силоҳ пароканда карданд.
Эътироз пас аз он баргузор шуд, ки нерӯҳои “Толибон” занонро гуё барои поймоли қоидаҳои ҳатмии либоспӯшии исломӣ, ки пӯшонидани рӯй ва баданро дар бар мегирад, боздошт намуданд.
Шоҳиди ҳодиса гуфтааст як нафар кушта ва чанд каси дигар захмӣ шудаанд.
“Ба самти онҳо тир зада, беш аз 20 нафарро захмӣ карданд. Як нафарро куштанд,” – гуфтааст шоҳиди ҳодиса.
Мақомоти “Толибон” ҳамагуна талафот ва ҳабсро рад мекунанд.
“Толибон”* – ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон
Блоки рекламавӣ



