Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ айни замон 4 лоиҳаро дар самти роҳу нақлиёт амалӣ менамоянд. Ин нукта дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сардори бюрои роҳи оҳани Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Корея (MOLIT) Ким Тебён ва Сардори бахши лоиҳаҳои хориҷии Корпоратсияи миллии роҳи оҳани ин мамлакат –«Korea Railroad Corporation» О Бён Ил дар Душанбе баён гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи роҳу нақлиёт ва дурнамои он, аз ҷумла вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи роҳу нақлиёт муҳокима гардиданд.
Гуфта шуд, ки ҳамкории ду ҷумҳурӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ афзоиш меёбад. Илова ба ин, ҷонибҳо барои дар соли 2026 оғоз намудани татбиқи боз як лоиҳаи нав дар самти рушди нақлиёти ҳушманд дар шаҳри Душанбе ба мувофиқа расиданд. Дар мулоқот инчунин омода намудани мутахассисони роҳи оҳан ва метро, такмили ихтисоси кормандони соҳаи роҳи оҳан баррасӣ шуданд.

Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ: Чор лоиҳа амалӣ мешавад
Блоки рекламавӣ


