Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол иштирокашро дар Ҷоми Осиё-2026 ба анҷом расонд.
Дар даври чорякниҳоии мусобиқот дастаи мо аз дастаи мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд.
Бо вуҷуди анҷоми рақобат дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқот ҳунарнамоии шоиста нишон дода, роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2026-ро, ки моҳҳои ноябр-декабр дар Қатар баргузор мешавад, ба даст овард.
Блоки рекламавӣ



