Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ду зина боло рафт ва бо 1220, 21 имтиёз дар байни 211 тими миллӣ дар ҷойи 102 аст.
Дар ин феҳрист мунтахаби Испания, қаҳрамони феълии Аврупо, бо 1880,76 имтиёз мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Аргентина, қаҳрамони феълии ҷаҳон, як зина боло рафт ва бо 1872,43 имтиёз дар ҷойи дуюм мебошад. Мунтахаби Фаронса, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, як зина поин шуд ва бо 1862,71 имтиёз дар мақоми сеюм аст.
Инчунин ба даҳгонаи беҳтаринҳо тимҳои миллии Англия, Португалия, Нидерланд, Бразилия, Белгия, Италия ва Олмон дохиланд.
Аз байни тимҳои миллии кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (27-ум, 1555,36 имтиёз), Русия (30-юм, 1530,95 имтиёз) ва Ӯзбекистон (55-ум, 1452,34 имтиёз) ба даст овардаанд.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз Беларус (103-юм), Арманистон (104-ум), Қирғизистон (105-ум), Қазоқистон (115-ум), Озарбойҷон (123-юм), Эстония (130-юм), Латвия (139-ум), Туркманистон (142-юм), Литва (146-ум) ва Молдова (156-ум) пеш буда, пас аз Украина (27-ум), Русия (30-юм), Узбекистон (55-ум) ва Гурҷистон (70-ум) мебошад.
Тоҷикистон дар байни тимҳои миллие, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомиланд, ҷойи 17-умро азони худ кардааст. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон 19-ум), Эрон дар мақоми дуюм (дар ҷаҳон 21-ум) ва Кореяи Ҷанубӣ дар мақоми сеюм (дар ҷаҳон 22-юм) ҳастанд.
Рейтинги навбатии FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) 21-уми ноябр нашр хоҳад шуд.
Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 99-ум ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум мебошад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи октябр дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар ду бозӣ бар тими Молдив (2:0 ва 3:0) пирӯз шуд.
Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” тимҳои миллии Филиппин, Молдив ва Тимори Шарқӣ ҳастанд.
Баъди натиҷагирии бозиҳои даври чоруми мусобиқот дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон 10-имтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Филиппин дар ҷойи аввал ва Тоҷикистон дар ҷойи дуюм қарор доранд. Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар ҷойи сеюм ва Молдив бидуни имтиёз дар ҷойи чорум мебошанд.
Дар даври панҷуми мусобиқот – 18-уми ноябр – Тоҷикистон дар меҳмонӣ бо Тимори Шарқӣ ва Молдив бо дастаи меҳмон – Филиппин – бозӣ хоҳанд кард.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Ҳар як даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ – анҷом медиҳад. Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027-ум дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Тоҷикистон ду зина боло рафт
Блоки рекламавӣ


