Аз 15 то 18-уми июл дар Тоҷикистон баландшавии дамои ҳаво пешгӯӣ шуда, ҳарорат аз 33 то ба 46 дараҷа мерасад. Дар ин хусус аз Агентии обуҳавошиносӣ хабар додааст.
Гуфта мешавад, дар водиҳо аз 41 то 46 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ аз 33 то 38 дараҷа гарм ва дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 39 то 41 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст.
Инчунин, бо сабаби баландшавии дамои ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳои пиряхӣ пешгӯӣ мешавад.
Дар робита ба баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Зарафшон ва Вахш баландшавии сатҳи об дар назар аст.
Ба одамон тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз соати 11:00 то 16:00 дар кӯча сайругаштро кам кунанд. Нӯшидани таоми моеъ ва об, нӯшокиҳои мевагӣ ва афшура тавсия дода мешавад. Аз нӯшидани нӯшокиҳои ширин ва спиртӣ бояд худдорӣ нкард.



