Парлумони Тоҷикистон созишномаро, ки ҳангоми ворид кардани сӯзишворӣ ба кишвар молиёт ё андози нав ситонида мешавад, тасвиб намуд.
Бар асоси тағйирот ба қонун дар бораи пардохтҳои ҳатмӣ, минбаъд дар вақти овардани маҳсулоти нафтӣ ва гази табиӣ ба Тоҷикистон, пардохти экологӣ бояд супорида шавад.
Ҳаҷми маблағи ин навъ молиёт маълум нест. Мақомот танҳо гуфтанд, ин маблағро воридкунандагони мол месупоранд.
Вале рӯшан нест, ки таъйини пардохти экологӣ барои сӯзишворӣ, то куҷо ба нархи ин маҳсулот таъсир мекунад.
Ҳозир ҳангоми ворид кардан ба Тоҷикистон аз ҳар тонна маҳсулоти нафтӣ 70 евро андози аксиз ситонида мешавад.
Тоҷикистон қариб ҳамаи сӯзишвории мавриди ниёзашро аз Русия ва Қазоқистон ворид менамояд.
Блоки рекламавӣ



