Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Кумитаи тадорукоти Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» қабули дархостҳоро барои иштирок дар Сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон», ки аз 15 то 20 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, оғоз намуданд.
Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» дар доираи татбиқи Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027 баргузор шуда, ба рушди синамои миллӣ, дастгирии филмоофарони ҷавон, муаррифии дастовардҳои беҳтарини кинои тоҷик, таҳкими ҳамкориҳои эҷодӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангиву маънавии миллат равона гардидааст.
Дар доираи Синамоҷоиза номинатсияҳои зерин муайян шудаанд:
– Беҳтарин коргардон;
– Беҳтарин наворбардор;
– Беҳтарин нақши мардона;
– Беҳтарин нақши занона;
– Беҳтарин рассом;
– Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ;
– Беҳтарин филм барои кӯдакон ва наврасон;
– Ҷоизаи махсуси ҳайати ҳакамон;
– Ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобин;
– Ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе «Барои саҳми муносиб дар рушди кинематограф».
Барои иштирок филмҳои ҳунарӣ, филмҳои ҳунарии кӯтоҳ ва филмҳои муштараки истеҳсолӣ (копродуксия) қабул карда мешаванд.
Филмҳо бояд дар солҳои 2024–2025 истеҳсол гардида, тибқи тартиби муқарраргардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда бошанд.
Барои иштирок ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод мегарданд:
– ариза барои иштирок;
– маълумотномаи мухтасар оид ба филм;
– маълумот дар бораи ҳайати эҷодӣ ва техникӣ;
– нусхаи иҷозатномаи пахш ва намоиш (дар ҳолати мавҷуд будан);
– нусхаи электронии филм барои баррасии комиссия;
– варақаи танзим ва муколамаҳо бо забони тоҷикӣ дар шакли электронӣ;
– файл бо зерматнҳо (субтитрҳо) бо забонҳои русӣ ва англисӣ (.srt);
– истинод барои тамошои филм тавассути шабакаи интернет;
– мазмуни мухтасари филм ва маводи таблиғотию матбуотӣ;
– ролики таблиғотӣ (то 3 дақиқа);
– мавод барои феҳрист, аз ҷумла маълумот дар бораи офарандагони филм, акси коргардон, постер ва на камтар аз се акс аз филм дар шакли JPG;
– нусхаи филм бо сифати Full HD, 2K ё 4K.
Қабули дархостҳо аз 15 июн то 15 сентябри соли 2026 идома меёбад.
Суроға барои ирсоли мавод:
www.tojisomon.tj
info@tojikfilm.tj
tojikfilm@gmail.com
Телефонҳо барои тамос:
(+992) 990 11 65 25
(+992) 934 10 99 99
Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, МД «Тоҷикфилм».
Дархостҳо ва маводҳое, ки пас аз муҳлати муқарраршуда пешниҳод мешаванд ё ба талаботи Низомнома ҷавобгӯ нестанд, барои баррасӣ қабул карда намешаванд.
Маълумоти муфассал дар бораи озмун дар сомонаи расмии Синамоҷоиза дастрас буда, филмҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Комиссияи интихобӣ баррасӣ гардида, беҳтарин асарҳо барои иштирок дар марҳилаи ниҳоӣ ва арзёбии ҳайати ҳакамон роҳхат мегиранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь