Зиёфати Анҷумани хабарнигорони Кохи Сафед, ки шоми 25 апрел бо ҳузури Доналд Трамп, президенти ИМА дар ҳоли баргузорӣ буд, чанд лаҳза бинобар шунидани садои тирандозӣ дар наздикии ҷойи баргузории он мутаваққиф шуд ва нерӯҳои интизомӣ Трамп ва ҳамсарашро аз толори ин маросим берун бурданд.
Як марди мусаллаҳ шоми шанбе ба як исти бозрасии амниятӣ дар маҳали баргузории зиёфати хабарнигорони Кохи Сафед ҳамла кард ва як корманди интизомиро захмӣ намуд.
Ширкаткунандагон дар зиёфат пас аз шунида шудани садои баланд, ба таври муваққат ба паноҳгоҳ руй оварданд ва Доналд Трамп тавассути маъмурони амниятӣ аз маҳал берун бурда шуд.
Доналд Трамп ва ҳамсарашро чанд дақиқа пеш аз ин ҳодиса, вориди маҳали маросим дар меҳмонхонаи Washington Hilton шуда буданд.
Дигар мақомдорони ҳукумати Трамп, ки дар ин зиёфат ҳузур доштанд низ пас аз ба миён омадани сару садо ва ҳаёҳу дар наздикии толори баргузории маросим, берун бурда шуданд. Бисёре аз ҳудуди 2600 ширкаткунанда ба паноҳгоҳ рӯй оварданд.
Ба иттилои мақомот, фарди гумонзад ба ин ҳамла боздошт шудааст. Хабаргузориҳо навиштанд, фарди муттаҳам ба тирандозӣ дар ин зиёфат, аз иёлоти Калифорния ва 31-сола мебошад
Пулиси Вашингтон гуфтааст, ин фард бо чанд силоҳ ворид шуда, ба яке аз афсарони амниятӣ тирандозӣ кард. Ин корманди интизомӣ ва фарди ҳамлавар ҳар ду ҳоло ба бемористон интиқол дода шудаанд.
Мақомҳои пулис гуфтанд, ки фарди ҳамлавар “ба танҳоӣ амал кардааст”, аммо ангезаи ҳамла ҳанӯз маълум нест ва баррасиҳо дар мавриди он идома дорад. Ба гуфтаи мақомҳои пулис, ӯ ҳамчун яке аз меҳмонони барнома ба маҳал ворид шуда буд.
Масъулини пулиси Вашингтон пас аз ин ҳодиса дар нишасти хабарӣ гуфтанд, ки фарди ҳамлавар ба тарафи толоре, ки Трамп ва меҳмонон дар он ҳузур доштанд, дар ҳаракат буд ва бинобар “амалкарди хуб”-и кормандони интизомӣ, муваффақ нашуд вориди толор шавад.
Доналд Трамп пас аз онки дар пайи шунида шудани садои тирандозӣ аз маҳал берун бурда шуда буд, дар ин маврид суханронӣ кард.
Ӯ дар ин суханронӣ, ки камтар аз як соат пас аз ин ҳодиса анҷом шуд, гуфт, ки фарди ҳамлавар аз масофаи наздик ба яке аз маъмурони интизомӣ тирандозӣ кардааст, аммо ин корманд солим аст.
Трамп ҳамчунин аксе аз фарди тирандоз, дар ҳоле, ки аз сӯи кормандони интизомӣ боздошт шуда ва рӯи замин хобонда шудааст, дар шабакаи Social Truth нашр кард.
Трамп гуфт, ки ҳамлавар “фарди бемор ва аз Калифорния” аст, аммо гуфт, ки баррасиҳо дар бораи ӯ ҳамчунон идома дорад ва мақомот дар ҳоли тафтиши хонаи ӯ ҳастанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь