Соли 2025 Тоҷикистон ва Русия дар ҳаҷми 2,4 миллиард доллар додугирифт карданд. Ин омор 15-уми май дар нишасти байниҳукуматии ду кишвар садо додааст.
Ба иттилои расмӣ, дар се моҳи аввали имсол додугирифти ду кишвар ба 641,3 миллион доллар расид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 дарсад бештар мебошад.
Намояндагони Тоҷикистон ва Русия гуфтаанд, талош доранд додугирифтро бештар кунанд.
Блоки рекламавӣ



