Дар ин бора ба нашрия чор манбаи номаълум, ки бо гуфтушунидҳо шинос буданд, хабар додаанд. Ба гуфтаи онҳо, Киев дар музокироти сулҳ дар моҳҳои охир ба президенти ИМА чунин пешниҳод кардааст. Сухан дар бораи минтақае меравад, ки то ҳол дар он ҷангҳо идома доранд ва тақрибан 80 километр дарозӣ ва 60 километр паҳно дорад. Ба гуфтаи манбаъҳои The New York Times, ҳоло дар ин минтақа тақрибан 190 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Манбаъҳои дигари наздик ба гуфтушунид мегӯянд, ки шумораи воқеӣ метавонад тақрибан ду баробар камтар бошад.
Украина пешниҳоди идоракунии бетарафи ин қаламрав ё мақомеро, ки намояндагони Русия ва Украина дар он буданд, баррасӣ кард, аммо тасдиқ накард.Шарт ин аст ки Русия пас аз ҷанг ба ин қаламрав даъво карда натавонад. Тавре манбаъ, ки бо стратегияҳои музокироти Украина шинос аст, хабар дод, музокиракунандаи украинӣ дар ChatGPT парчами “Донниленд” – и сабз ва тилло ва суруди миллиро пешниҳод кардааст.. Маълум нест, ки оё намояндагони ИМА онро дидаанд ё не.
То ҳол ин пешниҳод ба Украина натиҷа надодааст. Истилоҳи “Донниленд” дар гуфтушунидҳо истифода мешавад, гарчанде ки маълум нест он дар ягон ҳуҷҷати расмӣ навишта шудааст ё не.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь