Дар се моҳи аввали имсол аҳолии Тоҷикистон 49 ҳазор кас зиёд шуд. Тибқи омори расмӣ, суръати рушди аҳолӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 дарсад камтар шуд.
Мақомот мегӯянд, ба ҷуз вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар дигар минтақаҳои кишвар камшавии суръати рушди аҳолӣ сабт гардид.
Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон шумораи таваллудҳо 1,6 дарсад, шаҳри Душанбе 8,9 дарсад ва дар ВМКБ 11,2 дарсад таваллуд нисбат ба соли гузашта камтар шуд.
Дар вилояти Суғд, шумораи таваллуд 1,1 дар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5,8 дарсад зиёдтар сабт гардид.
Ба гузориши Оҷонсии омор, дар се моҳи аввали имсол дар кишвар 9,1 ҳазор кас вафот кардааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1 дарсад бештар аст. Афзоиши фавт дар ҳама минтақаҳои кишвар ба назар мерасад.
Тибқи омори расмӣ, то 1-уми апрели имсол шумори аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллиону 767,9 ҳазор нафар расид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь