Аз тарафи Президенти Тоҷикистон ҷоизаи президентӣ барои ҳавасмандгардонӣ ва эътирофи саҳми назаррас дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувор ва ҳалли масъалаҳои захираҳои оби ҷаҳонӣ ва тағйирёбии иқлим таъсис дода шуд

Дар ин бора фармони махусу имзо шудааст, ки дар он гуфта мешавад:

Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шавад. Маблағгузории Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, анҷом дода шавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ду моҳ низомнома ва ҳайати Комиссияи Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обро таҳия ва тасдиқ намояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь