Дар натиҷаи таркиш дар бозор, дар шимолу ғарби иёлоти Хайбар-Пахтунхва ҳафт покистонӣ, аз ҷумла ду полис ва панҷ сокини осоишта кушта ва 22 нафари дигар захмӣ шуданд.
Тибқи маълумоти полис, таркиш дар минтақаи “Лакимарват” рух додааст.
Наҷотдиҳандагон гуфтанд, ки ба ҷои ҳодиса мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва мошинҳои оташнишонӣ фиристода шудаанд.
Ин дуввумин ҳамлаи хунин дар ин минтақа дар чанд рӯзи охир аст. Муовини сардори полиси вилояти “Саройи Нуранг” Саид Хон хабар дод, ки осебдидагон ба беморхонаҳои “Бону” интиқол дода шудаанд.
Блоки рекламавӣ



