Сарфи назар аз назорати ҷиддӣ ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳастанд нафароне, муқаррароти қонунгузориро сарфи назар карда, маросими хурсандии оилавии худро бо дабдаба ва берун аз меъёрҳои қонун барпо менамоянд.
Боиси таассуф аст, ки бархе шаҳрвандон бо вуҷуди таъкидҳои пайваста, ҳанӯз ҳам дидаю дониста талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро риоя намекунанд. Зимни гузаронидани корҳои профилактикӣ дар самти пешгирии қонунвайронкуниҳо дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 21.04.2026 аз ҷониби кормандони шуъбаи дин ва танзими ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ошкор карда шуд, ки сокини шаҳри Душанбе, шаҳрванд Раҷабова Гулноза ҷашни зодрӯзи худро ҳамроҳи дӯстону шахсони аз доираи оила берун, аз ҷумла бо иштироки доираи блогероне, ки миллионҳо бинанда доранд, баргузор намуда, ҳамзамон барои худнамоишдиҳӣ аз рафти баргузории ҷашни зодрузи худ сабти видеоӣ карда, дар шабакаи “Тик-ток” ва “Инстаграм” паҳн кардааст.
Инчунин аксу наворҳои ҷараёни баргузории ҷашни зодрӯзро иштирокчиёни зиёфат, ки иборат аз блогерон мебошанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба тавре васеъ паҳн намуда, барои пинҳон мондани кирдори ғайриқонунии худ онро бо тамасхур зиёфати наҳорӣ муаррифӣ мекарданд.
Аммо, натиҷаи санҷишҳо муайян кард, ки зиёфати боҳашамати худтаблиғгарони интернетӣ барои таҷлили ҷашни зодрӯз буда, тибқи таҳлилҳои пешакӣ шумораи бинандаҳои ин қонуншиканӣ ва худнамоишдиҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз 1 (як) миллион нафар мебошад. Ин кирдор ташвиқоти қонуншиканӣ дар самти танзими ҷашну маросим низ ба ҳисоб меравад, ки бетаваҷҷуҳ мондани он метавонад, ба зиёд гардидани чунин қонуншиканиҳо оварда расонад.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло ва иҷрои талаботи Қонуни миллӣ-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ кормандони шуъбаи дин ва танзими МИҲД шаҳри Душанбе корҳои муайяннамоӣ, профилактикӣ ва чораандешӣ мувофиқи талаботи қонунгузорӣ анҷом дода шуда, баёноти қонунвайронкунанда ва шоҳидон гирифта шуд.
Бо ин кирдори содиркардааш шаҳрванд Раҷабова Гулноза, сокини пойтахт талаботи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро риоя накардааст.
Нисбати номбурда бо дастрасии моддаи 481 қисми 2-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои моҳиятан баррасӣ шудан ба суд ирсол карда шуд.
Бо дарназардошти холати мазкур аз тамоми шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми баргузор намудани ҷашну маросим ва дигар маъракаҳои оилавии худ талаботи қонунгузориро риоя намуда, ба зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.
Шуъбаи дин ва танзими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь