Дар шаҳри Левакант ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинии идона дар варзишгоҳи марказии шаҳри Левакант баргузор шуда, дар он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти шаҳр, фаъолон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони шаҳр иштирок намуданд.
Нахуст меҳмонон аз намоишгоҳи дастовардҳои сокинону корхонаҳои шаҳри Левакант боздид намуданд. Дар ин гӯшаҳои идона ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, таомҳои суннатии тоҷикӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар дастовардҳои сокинони шаҳр ба маъраз гузошта шуда буданд.
Сипас дар қисмати расмии чорабинӣ масъулон суханронӣ намуда, аз нақши Истиқлолияти давлатӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар шуданд. Зикр гардид, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ободонӣ ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии шаҳри Левакант заминаҳои мусоид фароҳам омада, дар самтҳои гуногун корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъат ёфтаанд.
Ҳамзамон, аз дастовардҳои шаҳри Левакант дар давоми 35 соли Истиқлолияти давлатӣ ёдоварӣ гардида, таъкид шуд, ки сокинони шаҳр бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар корҳои ободониву созандагӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор роҳбарону кормандони ташкилоту идораҳо, ки дар корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштаанд, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид. Ҳунармандон бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ хотири иштирокчиёнро шод гардониданд.
Ҳамин тавр, чорабинии тантанавӣ дар шаҳри Левакант бозгӯи шукргузории сокинон аз неъмати бузурги Истиқлолият, сулҳу субот ва фазои созандаи кишвар буд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев,
Левакант

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь