ИМА таҳдид кардааст, онҳоеро, ки ба Эрон кумак мекунанд, аз низоми доллар хориҷ мекунад.
Скотт Бессент, вазири молияи ИМА, оғози амалиёти бесобиқаеро эълон кард, ки Эрон ва кишварҳои пуштибони ҳукумати онро ҳадаф қарор медиҳад.
Ба гуфтаи Бессент, Вашингтон қасд дорад робитаҳои молиявии Эронро бо дигар кишварҳои ҷаҳон қатъ кунад ва манбаъҳои даромадеро, ки бахусус Спиоҳи Посдорони Инқилоби Исломиро маблағгузорӣ мекунанд, қатъ кунад.
ИМА ҳушдор додааст, ки созмонҳое, ки ба Теҳрон дар шустушӯи пул кумак мекунанд, шояд аз низоми доллари ИМА хориҷ карда шаванд.
Бессент изҳор дошт, ки президент Доналд Трамп шахсан аз раҳбарони ҷаҳон даъват мекунад, ки ҳамкорӣ бо Эронро қатъ кунанд.
Дар айни замон, Вазорати молияи ИМА таҳримҳои нав алайҳи 48 созмон, 24 нафар ва шаш киштиро ҷорӣ кард ва онҳоро ба кумак ба ҳукумати Эрон, аз ҷумла ба даст овардани ғайриқонунии технологияи ҳастаӣ ва мушакӣ муттаҳам кард.
Трамп қаблан оғози “харобиовартарин амалиёти иқтисодии то ҳол”-ро алайҳи Эрон эълон карда ҳушдор дод, ки кишварҳое, ба Теҳрон кумак мерасонанд, бо оқибатҳои бади иқтисодӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.



