Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадҳоеро, ки дар вазоратҳои мудофиа, корҳои хориҷӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “дар бораи қатъ намудани ваколати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо бинобар вафоташ”, “дар бораи интихоб намудани судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Ҷурабек Шариф”, “дар бораи бозхонд намудани Аминзода Сайдабону Рустам бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан” ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуданд.
Дар якчанд сохторҳои Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ тағироти кадрӣ сурат гирифта, комиссарони ҳарбии як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва сардорони баъзе отряду дигар воҳидҳои низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз ҳисоби афсарони соҳибтаҷриба таъин гардиданд.
Зимни суҳбат ба кадрҳо доир ба софдилонаю содиқона ва бо виҷдони пок иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ба нафъи давлат ва мардуми Тоҷикистон дастуру тавсияҳо дода шуд.

Тағйироти кадрӣ
Блоки рекламавӣ


