Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нав дар шаҳри Душанбе иштирок намуд.
Электробусҳо истеҳсоли корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи стандартҳои аврупоӣ истеҳсол гардидаанд.
Нақлиёт бо 12 метр дарозӣ дорои 32 ҷойи нишаст буда, ҳаҷми умумии ғунҷоиши мусофирон то 100 нафарро ташкил медиҳад. Он ҳамчунин муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва хунуккунанда, 6 камераи назоратӣ ва 2 экрани маълумотдиҳанда мебошад. Бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе то ин давра аз ширкати мазкур 60 электробус харидорӣ гардида, дар хатсайрҳои пойтахт мавриди истифода қарор доранд.
Зимни муаррифии электробусҳо иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми умумии батареяҳои электробус 350 кВт-соатро ташкил дода, иқтидори ҳаракати автономиаш ба 300 км баробар мебошад. Кафолати батареяҳо ва дигар қисматҳои барқии электробус 600 ҳазор километр ё 8 солро ташкил медиҳад.

Сӣ электробуси нав дар Душанбе
Блоки рекламавӣ


