Башор Асад, президенти пешини Сурия, ғоибона ба қатл маҳкум шуд.
Тибқи иттилои хабаргузории SANA, ҳамроҳ бо Башор Асад як мақоми баландпояи собиқи Сурия ва ҷияни президенти собиқ Отиф Наҷиби 66-сола низ ба қатл маҳкум шудааст.
Башор Асад, зодаи Димишқ, аз соли 2000 инҷониб Сурияро идора мекард, ки баъд аз падараш Ҳофиз Асад ба қудрат расида буд. Асад моҳи декабри соли 2024 аз қудрат барканор карда шуд. Ӯ дар Русия паноҳандагӣ гирифт. Дар давраи гузариш, кишварро президенти муваққат Аҳмад аш-Шараа роҳбарӣ мекунад.
Дар моҳи сентябри соли 2025, хабаргузории SANA хабар дод, ки додгоҳи Сурия барои президенти собиқ Башор Асад ғоибона ҳукми боздошт содир кардааст.
Блоки рекламавӣ



