Додгоҳи Исфара сокини ин ноҳияро барои таълими ғайриқонунии динӣ ҷазо дод.
Дар хабарномаи додгоҳ омадааст, ки ин нафар “бе иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ тариқи барномаи интернетии Instаgram ва WhatsApp аз соли 2023 то инҷониб” ба чанд нафар аз рӯи наворҳои чанд рӯҳонии афғонистонӣ таълими динӣ додааст. Додгоҳ мегӯяд, боздоштшуда гуноҳашро эътироф кард.
Додгоҳи шаҳри Исфара ин мардро барои таълими ғайриқонунии динӣ 7020 сомонӣ ё 730 доллар ҷарима баст.
Дар Тоҷикистон бидуни иҷозаи Вазорати маориф таълими динӣ додан манъ аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь