Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи татбиқи ҳадафҳои «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» дар назди Муассисаи давлатии рӯзномаи «Навиди Сино»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе студияи муосири расонаӣ бо фарогирии таҷҳизоти навтарин ба истифода дода шуд.
Тавре аз рӯзномаи «Навиди Сино» хабар додаанд, дар маросими ифтитоҳи студия роҳбарияти ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар масъулин иштирок намуданд.
Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои студияи нав таъкид гардид, ки ин иқдом барои татбиқи Консепсияи ҳукумати электронӣ, рушди фазои иттилоотӣ ва таҳкими корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар ноҳия заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар студия сабти мусоҳибаҳо, барномаҳои таҳлилӣ ва иттилоотӣ, подкастҳо, суҳбату мулоқот бо олимон, адибон, коршиносон ва шахсиятҳои маъруф, инъикоси фаъолияти мақомоти давлатӣ, муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва омода намудани маводи гуногуни аудиовизуалӣ барои шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ монда мешавад.
Раиси ноҳияи Сино Умед Гуреззода зимни суҳбат бо кормандони рӯзнома иброз доштааст, ки рушди расонаҳои муосир ва истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ барои саривақт ба аҳолӣ расонидани иттилооти дақиқу боэътимод ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ аҳамияти хос дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь