Шӯрои Федератсия, палатаи болоии парлумони Русия матни созишнома дар бораи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони тоҷикистониро тасдиқ кард.Тибқи ин санад, ки моҳи апрел парлумони Тоҷикистон низ онро тасдиқ карда буд, муҳоҷирони тоҷик як қисм ҳуҷҷатгузориро дар ватан анҷом медиҳанд.
Тибқи ин ҳуҷҷат, муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон аз рӯи барномаҳои таҳсилоти касбии Русия омода карда мешаванд.
Ҳамчунин муҳоҷирони тоҷик қабл аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон изи ангушт месупоранд ва аз ташхиси тиббии мутахассисони рус мегузаранд.
Нуктаи асосӣ дар ин созишнома ин аст, ки акнун Вазорати меҳнат ва муҳоҷират ба таври гуруҳӣ муҳоҷиронро ба Русия мефиристад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь