Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан сохтмони як қатор иншооти иҷтимоӣ, маъмурӣ ва истиқоматӣ идома дошта, симои шаҳр рӯз то рӯз зеботар гардида истодааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ бо сохтмони кӯдакистон, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, бинои маъмурии Прокуратура, маркази саломатӣ ва биноҳои истиқоматӣ шинос шуда, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо тавсияҳо дод.
Аснои боздид аз маркази ташхисиву табобатии «Салоҳиддин» дар маҳаллаи Дилкушо иттилоъ дода шуд, ки бо бунёди чунин марказҳои ташхису табобат сатҳи сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар шаҳри Истаравшан боз ҳам баланд бардошта мешавад. Сохтмони бинои маъмурии Прокуратураи шаҳр низ дар арафаи анҷомёбист. Бинои нав бо меъмории замонавӣ ҳамчун туҳфаи арзанда ба кормандони мақомоти прокуратура бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ тақдим мегардад.
Дар соҳаи маориф низ корҳои назаррас амалӣ мешаванд. Зимни боздид Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бунёди бинои иловагии МТМУ №5 ва бинои нави таълимӣ дар деҳаи Чорбоғро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Дар ин бора Хадамоти матбуотии Ҳукумати шаҳри Истаравшан хабар додааст



