Кормандони ШВКД-1 дар н.Шоҳмансур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ, Муллоев Убайдулло, сокини 28-солаи шаҳри Душанберо дастгир намуданд.
Номбурда санаи 15 феврали соли ҷорӣ, пинхонӣ ба нуқтаи фурӯши ҷавоҳирот вокеъ дар кӯчаи Бухоро ворид шуда, аз он ҷо 33 адад соатҳои гаронарзишро рабудааст. Гумонбаршаванда бо ин кирдори ҷиноятӣ ба ҷабрдида беш аз 70-ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.
Зимни санҷиш якчанд соати рабудашуда ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира карда шуданд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь