Дар арсаи байналхалкй вазъияти ноустуворе ба амал омадааст, ки ба бозгашт ба «қонунҳои ҷангал» ишора мекунад. Раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин дар як изҳороти муштарак бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, пас аз музокирот дар Пекин чунин гуфт: “Ин ҷаҳон комилан ягон қонунро риоя намекунад. Зараре,ки аз кирдорҳои яктарафа ва худпарастона расидааст, аз одат берун аст. Бозгашт ба “қонуни ҷангал” таҳдид мекунад”.
Сафари раҳбари Русия ба Чин ба 25-умин солгарди имзои Паймони неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ, санади бунёдии равобити дуҷониба рост омад. Путин рӯзи 19 май вориди Чин шуд. Маросими ботантана барои ҳайати Русия баргузор шуд, ки дар он горди фахрӣ ва кӯдаконе, ки парчамҳои ҳарду кишварро мебардоштанд, ширкат карданд. Вазири корҳои хориҷии Чин Ван Йӣ бо раҳбари Русия то ҳавопаймо мулоқот кард ва ӯро то мошини боҳашамати “Aurus” гусел кард. Путин ва Си Ҷинпин баъдан дар майдони Тянанмени Пекин мулоқот карданд.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин Го Ҷиакун эълом кард, ки Чин аз истиқболи раҳбари Русия хушнуд аст.
Музокироти Путин ва Си дар Чин рӯзи 20 май оғоз шуд. Он дар толори маҷлиси мардумии Пекин баргузор гардид. Сипас ҳайатҳои асосӣ ба сарони давлатҳо ҳамроҳ шуданд ва музокирот дар ҳайати васеъ идома ёфт. Дар поёни мулоқот раҳбарон изҳороти муштаракро дар бораи таҳкими шарикии ҳамаҷониба ва ҳамоҳангсозии стратегӣ ба имзо расониданд.
Ғайр аз он, Путин ва Си Ҷинпин соли таҳсили навро “соли маориф” эълон карданд.
Путин гуфт, ки музокироташ бо Си Ҷинпин дӯстона буд ва раҳбари Чин дар навбати худ қайд кард, ки равобити Русияву Чин ба марҳалаи нави рушди муассиртар ва босуръат ворид шудааст. Ёвари президенти Русия Юрий Ушаков гуфт, Русия ва Чин дар масъалаи муҳими энергетикӣ ба созиш расиданд.
Дар пайи ин мулоқот мақомоти Чин тасмим гирифтанд, ки сафари бидуни раводид барои сайёҳони рус то 31 декабри соли 2027 тамдид шавад.
Ушаков афзуд, ки Си Ҷинпин ва Путин рӯзи 20 май сари чой дар бораи равобит бо Амрико ва ҳамчунин даргириҳо дар Украинаву Эрон гуфтугӯ хоҳанд кард.
Изҳороти нигаронкунандаи ӯ дар пайи музокирот бо Путин дар Пекин садо дод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь