Шаҳрвандони Швейтсария пешниҳоди маҳдуд кардани шумораи аҳолӣ то 10 миллион нафарро то соли 2050 рад карданд. 55% муқобили он овоз доданд. Ин ташаббусро Ҳизби ростгарои мардумии Швейтсария пешниҳод кард.

Агар аҳоли аз ин маҳдудият аз ҳад зиёд шавад, кишвар бояд аз созишномаи ҳаракати озод бо ИА (ки аз соли 2002 амал мекунад) даст кашад. Айни замон Швейтсария 9,1 миллион нафар аҳолӣ дорад, ки тақрибан 89 000 нафарашон гурезаҳояд. Интизор меравад, ки то соли 2055 ин шумора то 10,5 миллион нафар афзоиш ёбад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь