Ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» тасмим гирифтааст, ки 4 ҳавопаймои силсилаи «Airbus A320neo» харидорӣ намояд.
Дар вохӯрии роҳбарияти «Shohin Airlines» ва «Airbus» густариши минбаъдаи ҳамкорӣ баррасӣ шуд. Вохӯрӣ идомаи муколамаи қаблан дар Тулуза дар аввали сол оғозшуда мебошад, ки дар натиҷаи он барои харидани 2 ҳавопаймои A320neo ва 2 ҳавопаймои A321neo Ёддошти тафоҳум имзо гардида буд.
«Shohin Airlines» ва «Airbus» ҳамкории мутақобили судмандро таҳким мебахшанд ва дар айни замон ҳамкории тарафҳо тамоюли рушди устувор касб менамояд. Раванди музокирот оид ба харидории ҳавопаймоҳо дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад ва тавре интизор меравад, татбиқи созишномаҳои бадастомада иқдоми муҳим дар самти тавсеаи парки ҳавопаймоии ширкати ҳавопаймоӣ ва мустаҳкам кардани мавқеи он дар бозори интиқолоти ҳавоӣ хоҳад шуд.
«Shohin Airlines» ширкати ҳавопаймоии хусусӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва ба рушди авиатсияи граждании ватанӣ, тавсеаи интиқолоти ҳавоии минтақавию байналмилалӣ нигаронида шудааст. Дар айни замон ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳои фармоиширо тавассути чархболҳо анҷом медиҳад. Ширкат ҳамчунин бо истеҳсолкунандагони пешбари ҳавопаймоҳо музокирот бурда, дурнамои рушди мусофиркашонии тиҷоратию боркашонӣ ва бизнес-авиатсияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.

«Shohin Airlines» чор «Airbus A320neo» мехарад
Блоки рекламавӣ


