Шоҳида Маҳмадҷонова, табиби собиқ ва модари блогер Шерзод Маҳмадҷонов, ки бо номи “Абдураҳмон 09” маъруф асту пайваста барои маҳдудияти озодиҳои сиёсӣ ва динӣ маводи танқидӣ пахш мекунад, аз зиндони занона дар шаҳри Норак озод гардид.
Ӯ моҳи феврали соли 2022 дастгир ва дертар бо гуноҳи ҷонибдорӣ аз мавқеъ ва ақидаи созмонҳои фаъолияташон мамнуъ дар Тоҷикистон, аз ҷумла “Гурӯҳи 24” ва Ҳизби наҳзати исломӣ ба шаш сол зиндон маҳкум шуда буд.
Шерзод Маҳмадҷонов рӯзи 22-юми июн гуфтааст модараш пас аз чаҳор солу панҷ моҳи боздошту ҳабс бар асоси қонуни нави афв озод шудааст.
“Модарамро як рӯз пеш раҳо карданд. Аз ин хабар хушҳол шудам. Ӯ 49-сола аст. Ҳангоми дар маҳбас буданаш аз дарди сутунмуҳра ранҷ мекашид. Акнун табобат мекунем” – гуфтааст Шерзод Маҳмадҷонов.

Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогер аз зиндон озод шуд
Блоки рекламавӣ


