19 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дар маросими истиқболи мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад иштирок карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хизматҳои таърихии Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад дар назди қуттиҳои дорои хоки оромгоҳи онҳо бо самимияти амиқ арзи арҷу эҳтиром намуданд.
Сипас, ҳайати ин маросими таърихӣ бо ҳамроҳии дастаи роҳнамои мотосиклронҳо ба сӯи Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ҳаракат намуданд.Пас аз маросими ҷаноза, дар оромгоҳи Лучоб маросими ба замин супоридани хоки қаҳрамонони Тоҷикистон бо риояи суннатҳои дини мубини ислом ва эҳтироми хос анҷом дода мешавад.

Ширкати Президант дар маросими ба Ватан овардани мушти хоки қаҳрамонон
Блоки рекламавӣ


