Ширкати «IRS» дар 3 минтақа – Варзоб, Зарафшон ва Суғд бо харҷи зиёда аз 26 ҳазору 342 тонна асфалт зиёда аз 50 километр роҳро таъмири куллӣ мекунад.
Ширкат тасмим гирифтааст, ки дар масофаи 320 километр хатҳои уфуқиро барқарор созад.
Давоми 16 сол ширкати «IRS» нигоҳдорӣ ва навсозии 36 пулро дар ин масир бо хароҷоти ниҳоят зиёд амалӣ кард. Се пули калон, ки дарозии ҳар кадомаш аз 42 то 73 метр аст, пурра навсозӣ шуданд.
Дар роҳи Душанбе — Чанок барои таъмини бехатарии шаҳрвандон дар масофаи 16 ҳазор метри тӯлонӣ деворҳои ҳимоявӣ (парпетҳо) бунёд гардид.
Давоми 16 соли мавҷудият 134 иншоот, аз ҷумла пойгоҳ барои экспертҳо, анбор барои нигоҳдории маводи зиддилағзишу дигар масолеҳи барои нигоҳдории роҳ пешбинишуда, сехҳои истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо, иншооти зиддитармавӣ сохта шудаанд.
«IRS» ҳамчун сармоягузор кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ҳолати роҳи Душанбе – Чанок ҷавобгӯи талабот бошад. Маҳз дар ин замина нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанок ба марҳилаи сифатан ворид гардида, назари мардум дар бобати нигоҳдории роҳ дигар шуд.
Давоми фаъолият барои таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе – Чанок қариб 400 000 тонна асфалт харҷ шудааст. Ба таьмиру таҷдиди ин роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаю механизмҳои замонавӣ ҷалб карда шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь