Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони бинои гимназияи рақами 1 ва бинои ҲХДТ дар вилояти Суғд шинос шуд. Нахуст роҳбари вилоят бо раванди бунёди бинои иловагии Гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалилӣ шинос гардид.
Зимни боздид таъкид карда шуд, ки сохтмони иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон ва рафъи норасоии ҷойҳои нишаст амалӣ гардида истодааст.
Раиси вилоят бо масъулини соҳа ва сохтмончиён суҳбат ороста, ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ, истифодаи самараноки имкониятҳо, ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба, таъмини сифати баланд ва дар муҳлати муайян ба истифода супоридани иншоот дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Роҳбари вилоят аз рафти сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд низ дидан намуд.
Ҳангоми шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа ва рафти корҳои сохтмонӣ ба масъулин, аз ҷумла роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, ҷиҳати назорати қатъии сифати корҳо ва риояи меъёрҳои муосири меъморӣ дастурҳо дода шуд.

Шиносоӣ бо сохтмони иловагии гимназия ва бинои ҲХДТ дар вилояти Суғд
Блоки рекламавӣ


