Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саноатикунонии мамлакат дар Ҷамоати шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор корхонаҳои истеҳсоли хишт ва сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Евростандарт» ба истифода дода мешаванд.
Корхонаҳои мазкур баъди мавриди истифода қарор гирифтан бо иқтидори баланд маҳсулоти сохтмонӣ истеҳсол намуда, садҳо сокинони маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин менамоянд.
Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода дар Ҷамоати шаҳраки Шарора бо сохтмони биноҳои истиқоматии бисёрошёна, бинои маъмурии ҷамоати шаҳрак, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ шинос гардид. Ба масъулин барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ, риояи қоидаҳои меъморӣ ва сари вақт ба истифода додани иншоот маслиҳат дода шуд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар дар кӯчаҳои А. Ҷомӣ ва Дӯстии ҷамоати шаҳраки Шарора мавзеъҳои махсус барои бозии кӯдакон ва мактаби мусиқию кӯдакистон бунёд карда мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь