Соҳибкорони ватандӯст тасмим гирифтаанд, ки дар мавзеи Хуррамдараи ин ноҳия корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишиканро бунёд намоянд, ки бо таҷҳизоту технологияҳои зарурии коркард, истеҳсол ва бастубанд муҷаҳҳаз хоҳад шуд.
Зимни шиносоӣ ба Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз то 5–6 ҳазор дона оби яклитраро ташкил медиҳад.
Дар маҷмуъ тибқи нақша дар корхона 24 намуди маҳсулот дар зарфҳои аз 0,5 то 5 литра истеҳсол мешавад.
Ба таъкиди масъулини корхона, маҳсулоти истеҳсолшуда асосан ба бозорҳои Душанбе, Хуҷанд ва Истаравшан пешниҳод мегардад.
Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода аз ташаббуси соҳибкорон истиқбол намуда, таъкид кард, ки чунин иқдомҳо дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди иқтисоди маҳаллӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат аҳамияти муҳим доранд.
Сипас, роҳбари вилоят аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифта, ба онҳо кумакҳои моддӣ расонид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь