Қарори раиси шаҳри Панҷакент “Дар бораи ташкили таваққуфгоҳҳои муздноки худкор, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайлгирии вайронкунии қоидаҳои роҳ ва ҳаракат дар роҳ дар ҳудуди шаҳри Панҷакент” ба имзо расид.
Он бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ аз 19 сентябри соли 2025, №479 ба тасвиб расида, дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нет Солюшенс” дар ҳудуди шаҳр насби камераҳои назоратӣ, ташкили таваққуфгоҳҳои муздноки худкор ва ё минтақаҳои барои таваққуф манъшуда, камераҳои назоратии мушоҳидавии низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкуниии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва насби нуқтаҳои барқдиҳӣ ба нақлиёти барқиро пешбинӣ менамояд.
Мутобиқи нақша насби камераҳои мушоҳидавӣ дар ҳудуди шаҳр дар 14 мавзеъ , аз ҷумла, дар хиёбони Рӯдакӣ дар 6 нуқта, кӯчаҳои Фирдавсӣ, Лоиқ Шералӣ, Саъдии Шерозӣ ва саристгоҳи “Қавола”,таваққуфгоҳҳои муздноки худкор ва минтақаҳои таваққуфаш манъшуда дар ду минтақаи хиёбони Рӯдакӣ ва дар ҳудуди деҳоти Сӯҷина, Лоиқ Шералӣ ва Рӯдакӣ дар назар дошта шудааст.
Бо анҷоми лоиҳаи мазкур масъулияти иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ дар риояи қоидаҳо ва бехатарии ҳаракат баланд бардошта, таваққуфи нақлиёт танҳо дар мавзеъҳои муайяншуда ба роҳ монда мешавад.

“Шаҳри бехатар” ба Панҷакент ҳам расид
Блоки рекламавӣ


