Моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон-2026 баргузор мешавад. Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.
Форум бо ибтикори Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии нассоҷӣ ва дигар шарикон гузаронида мешавад.
Ин чорабинӣ ҳамчун платформаи асосӣ ва нуқтаи марказии муҳокимаи рушди саноати нассоҷии мамлакат, ҷалби сармоягузории хориҷӣ, мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ ва муаррифии имкониятҳои соҳаи нассоҷӣ ба иштирокдорон хизмат хоҳад намуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь