Кормандони милитсияи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар натиҷаи гузаронидани санҷиш боз як далели машғул шудани сокини 67 солаи ноҳияи мазкурро ба фолбиниву сеҳргарӣ ва ҷодубарорӣ бо истифода аз моли майдаи (гӯсфанд) дастгир намуданд.
Пошаев Сиражидин Тожиевич бо тахаллуси мулло Сироҷиддин соли таваллудаш 1959, сокини деҳаи Қизил-Октябр, ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Балхӣ мебошад.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда муддатест дар манзили истиқоматии худ шаҳрвандонро қабул намуда, дар баробари иҷрои амалҳои фолбиниву сеҳргарӣ, дамандозӣ ва додани таштобу тӯмор боз гӯё барои берун кардани ҷину парӣ аз бадани муштариёнаш аз онҳо чорвои майдаи рангаш сиёҳ аз қабили гӯсфанд талаб мекардааст. Муштариёнаш Рудалиева Солия Ҷумаевна соли таваллудаш 1961 ва Култаева Ҷумагул Эгамовна соли таваллудаш 1996, сокинони ноҳияи мазкур мебошанд, ки ҳангоми ба хонаи дастгиршуда Пошаев С бурдани як сар моли майда дастгир карда шуданд.
Вобаста ба далели ошкоргардида нисбати Пошаев С. Т тибқи талаботи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд номбурда ба маблағи 6240 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд.
Ҳамзамон нисбати Рудалиева С.Д бо моддаи 482 иловаи 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон паврандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 3950-сомонӣ ҷаримабандӣ гардиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь