Дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Руссия ба Киев ва дигар шаҳрҳои Украина сафорати Озарбойҷон дар Киев зарар дидааст. Нерӯҳои русӣ дар ҳамлаҳои 14 ноябр аз 430 ҳавопаймои бесарнишин ва 18 мушак истифода кардаанд.
Ба гуфтаи Президенти Украина Владимир Зеленский, нерӯҳои дифои ҳавоии Украина 405 бесарнишин ва 14 мушак, аз ҷумла, ду мушаки баллистикии навъи “Кинжал”-ро раҳгирӣ карданд.
Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон низ гуфтааст, ки дар ҳамла бахше аз девори сафорати ин кишвар дар шаҳри Киев тахриб шуда ва хисороти қобили таваҷҷуҳе ба ин бинои дипломатӣ ворид шудааст.
Блоки рекламавӣ



