Хабаргузории эронии ИСНА аз сафари маршал Осим Мунир, фармондеҳи артиши Покистон ба Теҳрон хабар дод. Ӯро дар фурудгоҳ Искандар Муъминӣ, вазири корҳои дохилии Эрон пешвоз гирифт. Пеш аз ин ИРНА -хабаргузории давлатии Эрон бо такя ба манбаъҳои дипломатӣ дар Исломобод эълон карда буд, ки низомии баландмақоми Покистон рӯзи ҷумъа ба Эрон сафар мекунад.
Расонаҳои Эрон рӯзи панҷшанбе гуфта буданд, ки Осим Мунир қарор аст ба Теҳрон сафар кунад, аммо ин сафар 24 соат ба таъхир афтод. Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, ки барои иштирок дар нишасти вазирони НАТО ба Шведсия сафар кардааст, низ гуфт, ки Вашингтон бо фармондеҳи артиши Покистон дар тамос аст ва интизор меравад, ки ӯ хеле зуд вориди Теҳрон шавад.
Бархе расонаҳо мегӯянд, ки сафари Осим Мунир ба Теҳрон нишонаи “пешрафт”-и гуфтугӯҳо аст. Рубио низ аз бархе пешрафтҳо дар гуфтугӯҳои Амрико ва Эрон хабар дод. Ӯ ҳамзамон гуфт, ки ҳанӯзи тавофуқ ниҳоӣ нашудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь