Яке аз муовинони раиси Кумитаи телевизион ва радио Дилафрӯз Рустамзода ва директори Академияи воситаҳои ахбори омма Саъдӣ Исматзода аз вазифаашон рафтанд.
Дилафрӯз Рустамзода “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз мансаби муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио озод ва ба ҷояш Барно Соҳибзода таъйин шуд.
Барно Соҳибзода то ин дам чун сармуҳаррири идораи барномаҳои таҳлилии ТВ “Ҷаҳоннамо” фаъолият дошт. Вазифаи нави Дилафрӯз Рустамзода ҳоло эълон нашудааст.
Инчунин, Саъдӣ Исматзода аз вазифаи директори Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон озод шуд ва ба курсии ӯ Ҳақназар Каримзода такя зад.
Саъдӣ Исматзода 5 соли охир роҳбари Академия буд. Пеш аз ин масъулияти декани факултаи журналистикаи ДМТ – ро ба дӯш дошт. Сабаби барканории ӯ ҳам “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аст, вале то кунун масъулияти наваш эълон нашудааст.
Ҳақназар Каримзода то ин дам муовини роҳбари Академияи ВАО ва пештар аз он сармуҳаррири рӯзномаи “Мароми пойтахт” буд.
Асосӣ Хабари рӯз Саъдӣ Исматзода ва Дилафрӯз Рустамзода аз мансаб рафтанд, Барно Соҳибзода ва Ҳақназар...

Саъдӣ Исматзода ва Дилафрӯз Рустамзода аз мансаб рафтанд, Барно Соҳибзода ва Ҳақназар Каримзода омаданд
Блоки рекламавӣ


