Банкнотаи ҷашнии 100 сомонӣ, ки бахшида ба 25-солагии пули миллӣ–сомонӣ бароварда шудааст, ба рӯйхати ғолибони ҷоизаи бонуфузи байналмилалии «International Association of Currency Affairs–2026» дар номинатсияи «Беҳтарин банкнотаи ҷашнӣ» ворид гардид. Дар ин маврид аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар додаанд.
Банкнотаи ҷашнии 100 сомонӣ ба муносибати 25–солагии пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шуд. Он марҳилаҳои муҳими таърихи ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими иқтисодиёти миллӣ ва рушди низоми молиявии давлатро таҷассум менамояд. Дар тарҳ ва истеҳсоли банкнотаи ҷашнӣ тарҳи бадеии нодир ва дорои ҳувияти миллӣ, унсурҳои муосири муҳофизатӣ, сифати баланди полиграфӣ, инъикоси арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва таърихии мамлакат муттаҳид гардидаанд.
Бояд гуфт, ки ҷоизаи бонуфузи байналмилалии «International Association of Currency Affairs–2026» ҳамасола ба беҳтарин дастовардҳо дар соҳаи муомилоти пули нақд, технологияҳои асъорӣ ва тарҳи банкнотаҳо тақдим карда мешавад.
Дохилшавӣ ба рӯйхати ғолибони маънои онро дорад, ки ин банкнота байни садҳо банкнотаҳои ҷаҳонӣ аз беҳтаринҳо эътироф шуда, бо стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ аст. Он ба таҳкими нуфузи пули миллӣ ва муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин тавсияи тарҳ ва технологияҳо барои истеҳсоли минбаъдаи пулҳо мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин ҷоизаи сатҳи байналмилалии банкнотаи ҷашнии 100 сомонӣ мебошад.
Ҷоизаи аввал 2 декабри соли 2025 дар доираи Конфронси байналмилалии «High Security Printing» дар шаҳри Куала Лумпур ба Бонки миллии Тоҷикистон тақдим гардида буд.

Садсомонии Тоҷикистон аз ғолибони ҷоизаи байналмилалии IACA-2026
Блоки рекламавӣ


