18-уми майи соли 2026 ронандаи мототсикли тамғаи “Урал”, Одинаев Қурбоназар Тоирович, соли таваллудаш 1962, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Кӯшониён, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён, қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи барқии тамғаи “BYD Сонг-Плюс”, ки таҳти идораи Кабиров Қиёмиддин Раҳмиддинович, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри Бохтар қарор дошт, бархӯрд.
Худи ронандаи мототсикли тамғаи “Урал” Қурбоназар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ҳамсараш Одинаева Муясара Зарифовна соли таваллудаш 1964 сокини ҳамон ҷо, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардид.
18-уми майи соли 2026, тахминан соати 22:00 ронандаи мототсикли барқӣ Ҳайдаров Джамолиддин Ҳабибович, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи-поён”, аз самти марказии ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба тарафи ҷамоати деҳоти Ҳалевард, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳ баромада чаппа шуд.
Дар натиҷа Ҳайдаров Д.Ҳ., ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
19-уми майи соли 2026, тахминан соати 05:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Юлдошев Ҳасанбой Мансурович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми кардан дар роҳи мошингарди “Душанбе-Бохтар” дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисми қафои автомашинаи тамғаи “Фоттон”, ки ба Садиров Абдусаттор Исмонович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Фархор тааллуқ дошта, дар канори рости роҳ беназорат меитод, бархӯрд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Юлдошев Ҳ.М., ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь