Аз 21 июн инҷониб мавҷи гармӣ дар Аврупо беш аз 1300 нафарро куштааст. Инро директори генералии Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СҶБ) Тедрос Гебрейесус дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 28-уми июн эълон кард.
Тибқи маълумоти ТСҶБ, Аврупо қитъаи аз ҳама гармшаванда дар ҷаҳон аст, ки дамо ду баробар тезтар аз миёнаи ҷаҳонӣ боло меравад. Айни замон тақрибан 150 миллион нафар дар гармии шадид зиндагӣ мекунанд.
Сабаби асосии сатҳи баланди фавт инфрасохтори омоданашуда аст: хонаҳо, ҷойҳои корӣ ва мактабҳо барои тоб овардан ба чунин давраҳои тӯлонии ҳарорати хеле баланд тарҳрезӣ нашудаанд.
Маркази мавҷи гармӣ тадриҷан ба шарқ ҳаракат мекунад. Агар пештар баландтарин дамо дар Испания, Фаронса ва Бритониё сабт шуда буданд, мавҷҳои хатарноки гармӣ ҳоло ба Олмон ва Ҷумҳурии Чех таъсир мерасонанд.



